Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Кевин Аллен
Душанбе, 21.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 20 майи соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Кевин Алленро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот ҷонибҳо дар атрофи фаъолияти UNHCR дар Тоҷикистон дар самти таъмини ҳимоя ва расонидани кумак ба паноҳандагон ва паноҳҷӯён дар кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.Инчунин 20 май муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуло Фағонӣ мулоқот анҷом дод. Зимни суҳбат масоили марбут ба раванди ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии байни ду кишвар, ҳамчунин масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.Дар мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳмет Мунис Дирик 19 май дар Душанбе масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳо бо иштироки Дафтари ҳамоҳангсози Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия (ТIКА) дар Душанбе ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






