Вохӯрии С.Аслов бо А. Миттал дар Деҳлии Нав
Душанбе, 13.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 12 майи соли 2015 дар шаҳри Деҳлии Нав вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо раиси Корпоратсияи миллии сохтмонии Ҳиндустон (NBCC Ltd) Ануп Кумар Миттал баргузор гардид.Зимни вохӯрӣ Ануп Кумар Миттал самтҳои асосии фаъолияти корпоратсияи мазкур ва дурнамои густариши ҳамкориҳои онро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.Таъкид гардид, ки иштироки Корпоратсияи миллии сохтмонии Ҳиндустон ва сармоягузориҳои он дар таҳия ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои сохтмони биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳо ва иншооти зерсохторӣ дар Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






