Вохӯрии С.Аслов бо соҳибкорони Ҳиндустон
Душанбе, 14.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 13 майи соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов бо намояндагони бонуфузи доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҳиндустон мулоқот намуд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва раҳбарияти ширкати CHL Limited-и Ҳиндустон баргузор гардид.
С.Аслов оид ба сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ва тадбирҳое, ки Ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар амалӣ мекунад, сухан гуфт. Дар ин росто имконияту роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ махсус таъкид гардиданд.
Аз ҷониби намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҳиндустон алоқамандии воқеӣ ба татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон зоҳир шуд. Барои тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳо ва баррасии лоиҳаҳои муштарак пешниҳод шуд, ки дар рӯзҳои наздик сафари доираҳои соҳибкории Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад.
Дар ҳошияи мулоқоти С. Аслов бо доираҳои соҳибкории Ҳиндустон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар ҷолибияти Тоҷикистонро барои сармоягузориҳои хориҷӣ муаррифӣ намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






