Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли “EUROCHAMBRES”
Душанбе, 05.05.2015. (АМИТ “Ховар”). — 4 майи соли 2015 дар шаҳри Брюссел вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Иттиҳодияи палатаҳои аврупоии савдо ва саноат “EUROCHAMBRES” Арналдо Абрудзини баргузор гардид.
Зимни суҳбат масоили ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба бо Иттиҳодияи “EUROCHAMBRES” ва рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муҳокима шуданд.
Сафири Тоҷикистон ба мусоҳибон оид ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар, чораҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин соҳаҳои авлавиятноки иқтисодиёти миллии мавриди ҳавасмандии сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории хориҷӣ маълумоти муфассал дод.
Ба намояндаи баландпояи Иттиҳодияи “EUROCHAMBRES” ҳамчунин маводи иттилоотӣ оид ба имконоти сармоягузории Тоҷикистон супорида шуданд. А.Абрудзини омодагию ҳавасмандии махсуси худро оид ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон иброз дошт.
Боиси зикр аст, ки Иттиҳодияи “EUROCHAMBRES” соли 1958 ба сифати намояндаи доираи соҳибкорӣ дар сатҳи Иттиҳоди Аврупо таъсис ёфтааст. Иттиҳодияи мазкур беш аз 20 миллион корхонаи бузург ва хурду миёна дар Аврупоро тавассути узвияти 45 иттиҳодияи миллӣ ва шабакаи аврупоии 1700 палатаи минтақавию маҳаллӣ дар бар мегирад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






