Вохӯрии Шавкат Бобозода бо Павел Конков
Душанбе, 25.05.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо ҳайати вилояти Ивановои Федератсияи Русия таҳти сарварии губернатори вилоят Павел Конков, муовини раиси Ҳукумати Иваново Олег Пташкин ва намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаил Кораблин 22 май доир гардид.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ зимни мулоқот оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи мошинсозӣ, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, технологияи муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар тақвияти муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба, ҷонибҳо оид ба роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҳалталаби ҷойдошта ибрози ақида намуданд.
Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҷиҳати идомаи раванди мусбати робитаҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону вилояти Иваново рушди нав бахшида, муносибатҳои минбаъдаи дуҷониба ва ҳамкориҳоро боз ҳам таҳкиму густариш мебахшанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






