Восеъ: Сӯхторҳо пешгирӣ мешаванд
Восеъ, 20.05.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Масъулини қисми 41-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Восеъ вазъи ҳамарӯзаи фаъолияти хизматӣ ва таъмини ҳолатҳои бехатарӣ аз сӯхтори иншоотҳои ноҳияро омӯхта, масъалаҳои интизомӣ- хизматӣ ва таъмини ҳолати бехатарӣ аз сӯхторро дар иншоотҳои хоҷагии халқи ноҳия баррасӣ карданд.
Ба гуфти сардори хадамот Ҳоким Назаров дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави ноҳия 2 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, маблағи зарар 3000 сомониро ташкил дод. Дар ин давра 323 иншоот ба таври мукаммал ва 70 иншооти дигар такроран санҷида шуд, ки дар натиҷа 130 нуқтаи барқию печ, ки дар ҳолати хавфи сар задани сӯхтор буданд, мувақатан баста шуд. Инчунин аз тарафи нозирон дар ноҳия 45 маротиба рейди муштарак гузаронида шуда, ҳолати бехатарии зиддисӯхтории иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ, бозорҳои ноҳия, ҷойҳои нигоҳдории маводи сӯхт, хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон санҷида шуд ва зимни он ба 78 нафар вайронкунандаи қоидаҳои бехатарии зиддисӯхторӣ санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо 30 ҳазору 408 сомонӣ ҷарима шуданд, ки то имрӯз 24 ҳазору 640 сомониаш ситонида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






