Зӯроварӣ дар оилаҳо дида мешавад?

Май 15, 2015 08:53

Душанбе, 15. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои такмили қонунгузории оила» мизи мудаввар доир гардид. 
Иштирокчиёни мизи мудаввар ба муҳимтарин масъалаҳои оиладорӣ, ки имрӯз воқеан ҳам ташвишовар аст, таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки ҳарчанд дар ин самт санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қонунҳои дахлдор қабул гардидаанд, вале ҳоло ҳам зӯроварӣ нисбат ба занону кӯдакон дар оилаҳо дида мешавад. 
Ҳамзамон таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаи солимгардонии оила, никоҳи хешутаборӣ аз нигоҳи дини ислом, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани шахсони издивоҷкунанда ҷиҳати беҳдошти солимгардонии оила, омилҳои манфии никоҳи хешутаборӣ, масъалаҳои баҳснок оид ба рӯёнидани алимент, баррасии парвандаҳо вобаста ба баҳсҳои судӣ марбут ба тарбияи фарзандон ва дигар масъалаҳои ташишовари ҳаёти оилавӣ равона гардид. 
 

Май 15, 2015 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад