Зарари офати табиӣ ба деҳоти Ҷиликул
Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми майи соли 2015 соати 17:41 дақиқа дар натиҷаи боридани боронҳои бошиддат ва омадани сел ба ҷамоати шаҳраки «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» деҳаи Бўстон ва ҷамоати деҳоти «Деҳқонобод» деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷиликул зарари иқтисодӣ расид.
Тавре ки котиби матбуоти кумита Ориф Нозимов иттилоъ дод, дар ҷамоати шаҳраки«20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷиликул ба дохили 11 хонаи истиқоматӣ ва ба заминҳои наздиҳавлигии сокинони ин шаҳрак обу лойқа даромада, як пули байнимаҳаллии деҳаи Кўҳдоманро пурра вайрон намуда, инчунин ба саҳни муасиссаҳои миёнаи таҳсилоти умумии №29, 37, 35 ва 22 обу лойқа даромадааст.
Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти «Деҳқонобод» деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷиликул ба дохили 12 хонаи истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон обу лойқа даромада, зарар расонидааст.
Дар айни ҳол дар ҷои ҳодиса сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон Ҳотамшоҳ Шарифов бо ҳайати комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия фаъолият намуда, маблағи зарари расонидашударо муайян намуда истодаанд.
Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






