Зарари заминларза бартараф мешавад
Душанбе, 21.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тавре ки дирӯз иттилоъ додем, 20 майи соли ҷорӣ соати 8:31 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза 120 км шимолу шарқ, дуртар аз шаҳри Душанбе буда, қувватнокӣ дар марказ 4 — 5 балл, дар шаҳри Душанбе 2 — 3 баллро ташкил дод. Бино ба иттилои пешакии хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, дар натиҷаи заминларза ба як зумра шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зарар расонид. Аз ҷумла, дар ноҳияи Тавиллдара дар ҷамоати деҳоти Чилдараи деҳаи Чашмаи кабуд дар девори 1 хонаи истиқоматӣ тарқиш пайдо шуда, дар мактаби №1-и шаҳри Роғун, ки аз ду ошёна иборат мебошад, се синфхона ва ду утоқи корӣ осеб дидааст. Инчунин дар шаҳраки Оби Гарм дар мактаби №3, ки аз се ошёна иборат мебошад, дар деворҳои 15 синфхона тарқишҳо ба вуҷуд омадаанд.Тибқи маълумоти комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Роғун биноҳо зарари ҷиддӣ надида, дар онҳо идомаи таҳсил имконпазир аст. Дар мактаби таҳсилоти умумии №33-и ҷамоати деҳоти Сари Хосор деҳаи Мулокони ноҳияи Балҷувон ду синфҳона пурра зарар дидааст. Инчунин дар натиҷаи фаромадани ярч дар деҳаи Қозиёни ҳамин ҷамоат 20 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дидааст. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳиявӣ барои муайян намудани зарари расида ба ҷои воқеа сафарбар гардидааст. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Тавре ки сардори Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимов хабар дод, бартарафкунии ҳолати мазкур мувофиқи таснифот бар дӯши мақомоти давлатии ҳокимияти ноҳия вогузор шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






