3 млн. истеъмолкунандаи маводи мухаддири мамнӯъ афзуд
Душанбе, 26.06.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).-Аз рӯйи санҷишҳо соли 2015 дар маҷмӯъ 246 млн нафар ва ё ҳар 20-умин истиқоматкунандаи сайёра дар синни аз 15 то 64- солагӣ маводи мухаддири мамнӯъро истеъмол кардааст,-иттилоъ дод имрӯз Юсуф Қурбонов-ҳамоҳангсози байналмилалии лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ зимни муаррифии маърӯзаи ҷаҳонии маводи мухаддир дар соли 2015. Номбурда гуфт, шумораи истеъмолкунандагони маводи мухаддири мамнӯъ дар муқоиса ба соли гузашта 3 млн нафар зиёд шудааст. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки аз рӯйи ҳисоби афзоиши шумораи аҳолии ҷаҳон дараҷаи истеъмоли маводи мухаддири мамнӯъ дар ҷаҳон бетағйир хоҳад монд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 26 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир таҷлил мегардад. Бахшида ба ин рӯз имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи велосипедронони Тоҷикистон ва Академияи олимпии кишвар мусобиқаи велосипедронӣ баргузор гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






