Ҳамоиши тантанавӣ дар Қасри Арбоб
Душанбе,29.06.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат оғоз бахшид»,-зикр намуд раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 18 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қасри таърихии Арбоб.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд А. Қодирӣ иброз дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ талафоти фаровони моливу ҷонӣ дида, пояҳои иқтисодиву иҷтимоии он хароб гардида буданд, дар сароғози даврони навини таърихи давлатдории хеш ба бӯҳрони шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид. Талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ расиданд, офтоби пурбаракоти сулҳу ваҳдатро барои тоҷикистониён чун неъмати худовандӣ ато овард. Ҳосили талошҳои роҳбари сулҳофар ва меъмори ваҳдати миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҷоди равобити густурдаи Тоҷикистон бо мамолики олам дар ҷаҳони муосир сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи бузургу мондагори давлатдорӣ муаррифӣ сохт.
Таъкид шуд, ки имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ба заҳмату талош ва ибтикороти беш аз панҷсолаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад, ормоншиносӣ ва сабақгирӣ аз дарси сарнавишти таърихии тоҷикон маҳсуб мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






