Ҳар моҳ кариб се ҳазор курдҳои язид тарки Ироқ мекунанд
Душанбе, 26.06.15. (АМИТ «Ховар»). – Ба гуфтаи вакили парлумони Ироқ Фиён Даҳил, ҳар моҳ қариб 3 ҳазор нафар курдҳои язид ба хотири наҷот ёфтан аз силоҳбадастони «Давлати исломӣ» Ироқро тарк мекунанд. Дар ин бора васоити ахбори оммаи хориҷӣ хабар медиҳанд.
Тавре ки хонум Фиён Даҳил иброз дошт, «ҳар рӯз беш аз 100 нафар курдҳо барои наҷот ёфтан аз бедодгарии силоҳбадастони ДИ аз кишвар рӯ ба гурез оварда, ҳар моҳ қариб 3 ҳазор аъзои ҷамоа бештар тавассути Туркия тарки Ироқ мекунанд».
Ба гуфтаи вакил, сабаби аз минтақаҳои шимолии Ироқ рӯ ба гурез овардани теъдоди зиёди язидҳо «шитоб надоштани артиши Ироқ барои озод намудани ин минтақа ва мавҷуд набудани ёрии зарурӣ ба курдҳои минтақаҳои аз террористон озодшуда аст». Вазъияти урдугоҳҳои гурезаҳои Курдистони Ироқ, ки язидҳои бехонумоншуда дар онҳо будубош доранд, душвор мегардад.
Тобистони соли 2014 силоҳбадастон минтақаҳои сукунати курдҳои язидро забт карда буданд. Тибқи маълумоти вазорати ҳуқуқҳои инсони Ироқ, ДИИШ садҳо нафар мардонро «нест карда», занонро барои ғуломии шаҳвонӣ фурӯхтааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






