Қатли дастаҷамъонаи 146 ғайринизомӣ дар Сурия аз сӯи «Давлати исломӣ»
Душанбе, 27.06.2015. (АМИТ «Ховар»). -Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, ҷангиёни «Давлати исломӣ» дар шаҳри Кубонии Сурия ва деҳаҳои наздики он 146 нафарро куштаанд. Ин амали нангин пас аз қатли садҳо мардуми бегуноҳи қабилаи Шайтот дар шарқи Сурия (соли 2014) дуввумин қатли бузурги дастаҷамъонаи ғайринизомиён дар Сурия аз тарафи ҷангиёни «Давлати исломӣ» мебошад.
Аз рӯи иттилои «РИА Новости», ҷангиёни «Давлати исломӣ» шаҳри Хасакеи Сурияро гулӯлаборон кардаанд, ки дар натиҷа беш аз 60 ҳазор нафар сокинон ин шаҳрро тарк кардаанд.
Гузориши СММ кӯчонидани аҳолиро аз ин шаҳр ба шимолу шарқи Сурия тасдиқ мекунад. Бино ба иттилои мутахассисони байналмилалӣ дар сурати идома ёфтани амалҳои ҳарбӣ нуқтаҳои аҳолинишинро то 200 ҳазор нафар тарк хоҳанд гуфт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






