Ҳатто «ал-Қоида» ваҳшонияти ДИИШ-ро маҳкум мекунад
Душанбе, 29.06.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ал-қоида, ки худ созмони террористӣ аст, ваҳшонияти ба номи «Давлати исломӣ»-ро, маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои расонаҳои ҷаҳонӣ, созмони террористии «ал-Қоида» ваҳшонияте, ки ҷангиёни ДИИШ нисбати мусулмон раво мебинанд, маҳкум карда, изҳор доштааст, ки «шумо ҳаргиз биҳиштро нахоҳед дид».
Ин хабарро аз забони Адам Гадан, намояндаи воломақоми ал-Қоида» ABC News интишор намудааст.
Ин изҳорот дар посух ба таркишҳои пурдаҳшати марговари ДИИШ дар як меҳмонхонаи Тунис ва масҷид дар Кувайт садо додааст.
Хотиррасон бояд намуд, ки рӯзи ҷумъаи гузашта бар асари 2 таркиш дар меҳмонхонаи Тунис беш аз 40 нафар ва дар масҷиди Кувайт ҳангоми адои намози ҷумъа 27 нафар аз ҷониби ҳамлагарони худкуши ДИИШ кушта шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






