Аз 3 то 5 июл ҳарорати ҳаво 45-47 дараҷа гарм хоҳад шуд
Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тавре ки аз Хадамоти обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорат то +45 — +47 дараҷа боло меравад.
Авҷи гармӣ ба рӯзҳои 3,4 ва 5 июл рост омада, рӯзҳои баъдӣ ҳарорати ҳаво тадриҷан поён хоҳад фаромад. Рӯзҳои 3 ва 5 июл ҳарорат дар шаҳри Душанбе +38 +43 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Имрӯз, 30 июн дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво софу беғубор буда, рӯзона ҳаво +38 +40 дараҷа гарм шуда, вазиши шамоли суст дар назар аст.
Шабона ҳаво бебориш буда, ҳарорат +18 +20 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар Душанбе рӯзона ҳаво то +37+39 дараҷа гарм мешавад.
1 ва 2 июл ҳавои соф дар назар буда, шабона ҳаво +18 +20 ва рӯзона +37 +39 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавосанҷон чунин гармиро бо таъсири расидани ҳавои гарм аз ҷониби нимҷазираи Араб, ки бо Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Урдун ҳамсарҳаданд, вобаста медонанд.
Пагоҳ, 1 июл дамои ҳаво дар вилояти Хатлон +39 +41 дараҷа, дар вилояти Суғд +37 +39 дараҷа, дар НТҶ +38 +40 дараҷа гарм, дар ғарби ВКМБ +29 +31 дараҷа ва дар шарқи ин вилоят +18 +25 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар Душанбе ҳаво +38 +39 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






