Ба қонуни мақомоти амнияти миллӣ тағйирот ворид мегарданд
Душанбе, 24.06.2015.(АМИТ „Ховар, Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки имрӯз дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардад. Инчунин вакилон ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,«Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» тағйиру иловаҳо ворид менамоянд.
Инчунин тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома аз тариқи мубодилаи мактубҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи лоиҳаи татбиқи корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб дар назар аст








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






