Барқияи тасаллияти Э. Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт
Душанбе, 27.06.2015. (АМИТ “Ховар”). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Волоҳазрат,
Бо камоли андўҳ хабари таркиш дар яке аз масҷидҳои пойтахтро, ки муҷиби ҳалокат ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрвандони бегуноҳ гаштааст, дарёфт намудам.
Ин амали террористии ғайриинсонӣ, ки онро бо ягон далелу бурҳоне ҳақ баровардан мумкин нест, боз як намунаи аъмоли зишти ҷиноятпешагони касбист, ки муборизаи беамон бо онҳо вазифаи ҳар як фарди огоҳ аст. Тоҷикистон омода аст, дар ин ҷода ҳамкориҳои густурдаеро ба роҳ монад.
Бо ибрози тасаллият ва таъзияи самимӣ ба Волоҳазрат хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикони қурбониён бирасонанд, ки онҳоро Худованд сабри ҷамил ато фармояд.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






