Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Русия
Душанбе, 26.06.2015 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович,
Бо андӯҳи амиқ хабари даргузашти яке аз ходимони барҷастаи муосири Русия, собиқ Сарвазир ва собиқ вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Примаков Евгений Максимовичро дарёфтам.
Евгений Максимович ҳамчун ходими барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолияти пурсамар ва ҳадафмандонаи худро ба пойдории ризоият дар ҷомеа, рушди иқтисодии Русия ва тақвияти нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ равона намуда, на танҳо дар кишвари худ, балки дар хориҷи дури он соҳиби эҳтироми хос гардида аст. Ӯ дар ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадоре, ки барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бисёр талош кардааст, машҳур буд.
Дар Тоҷикистон Евгений Максимовичро ҳамчун сиёсатмадори муваффақ, дипломат, олим ва фарзанди фарзонаи халқи Русия мешиносанд. Ӯ дӯсти самимии Тоҷикистон буд. Мардуми сипосгузори тоҷик саҳми ин сиёсатмадору дипломати қатъӣ ва дурбин, инсони ошкору некро дар ба даст овардани сулҳ ва ризоият дар сарзамини мо ҳамеша ёд хоҳад кард.
Дар робита ба талафоти бебозгашти Русия тасаллияти амиқи худро ба халқи ин кишвар изҳор дошта, аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳиш менамоям, ки ҳамдардии самимии моро ба пайвандон ва наздикони марҳум расонед».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






