Барқияи тасаллияти Президенти Тоҷикистон ба Президенти Тунис
Душанбе, 27.06.2015. (АМИТ “Ховар”). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Тунис Баджи Қаид Ас-Себси барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари даҳшатангези амали зишти террористӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои кишвар, ки мўҷиби ҳалокати даҳҳо сайёҳон гардидаст, моро андўҳгин сохт.
Бо ибрози тасаллият ва таъзияи самимӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози омодагӣ менамояд, ки дар саъю талошҳои дастаҷамъонаи башарият ҷиҳати гирифтани пеши роҳи чунин ҷиноятҳои ғайриинсонӣ ширкати фаъол намояд, то оромӣ ва осудагии бани Одам таъмин гардад.
Хоҳишмандам ҳамдардии самимонаи моро ба наздикони қурбоншудагон бирасонед.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






