Барои “Ҳамдастӣ” ва “Молия ва Сармоя” ҳуқуқи иҷрои амалиёти бонкӣ манъ гардид
Душанбе, 29.06.2015. (АМИТ «Ховар, Раъно Нусратуллозода»).-Бо қарорҳои навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 июни соли равон ба Ташкилотҳои амонатии қарзии хурд “Ҳамдастӣ” ва “Молия ва Сармоя” ҳуқуқи иҷрои амалиёти ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд (бо таъмин ва бе таъмин) ба муҳлати 1 сол манъ карда шуд.
Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон қарори мазкур нисбат ба ТАҚХ «Ҳамдастӣ” ва “Молия ва Сармоя” бинобар сабаби аз ҷониби онҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи қарори номбурда ТАҚХ “Ҳамдастӣ” ва “Молия ва Сармоя” вазифадор шудаанд, ки барои беҳтар кардани ҳолати молиявии ҷамъият, иҷрои уҳдадории хеш дар назди амонатгузорон дар муҳлати на дертар аз 15 рӯз баъд аз қабули қарори мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






