Барои тарзи ҳаёти солим
Душанбе, 27.06.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Таҳти чунин шиор кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо дастгирии Шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон (INL) 26 июн озмуни расмҳои кӯдаконро бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъовар ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баргузор намуданд.
Дар озмун талабагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Душанбе ва кӯдакон аз муассисаҳои томактабӣ иштирок намуданд. Кӯдакон бо кумаки рангҳо ва мӯқалам тахайюли худро дар қоғаз ифода намуда, дар муддати як соат зиёда аз панҷоҳ расмро дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ эҷод намуданд.
Аъзои ҳакамон расмҳои рассомони ҷавонро аз назар гузаронида, ғолибонро бо туҳфаҳои қимматнок қадр намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






