Баррасии тӯлонии лоиҳаи қонун дар Парлумон

Июнь 26, 2015 22:44

Душанбе, 24.06.2015.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).- Баррасии  лоиҳаи Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи  шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ имрӯз дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат хеле тӯлонӣ- 1 соату 26 дақиқа ҷараён гирифта, бо вуҷуди норасоиҳо дар матни лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ва вуҷуд доштани духӯрагӣ дар баъзе моддаҳо, он  дар таҳрири нав қабул  гардид.
Зариф Ализода -Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки  лоиҳаи қонуни конститутсионии амалкунанда 20 сол муқаддам, аниқтараш моҳи ноябри  соли 1995 қабул гардидааст. Ва тарҳи нави он аз соли 2007 дар асоси пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар таҳрири нав қабул намудани он ба манфиати ҷомеа ва арзишҳои демократӣ мебошад, зеро тибқи  қонуни амалкунанда агар касе,  ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ сол зиндагӣ намекунад,  шаҳрвандиро аз даст медиҳад. Агар мо инро татбиқ кунем, ҳазорҳо нафарро бояд хориҷ кунем, афзуд. З. Ализода.
Масъалаи дигар ин таъмини амнияти миллист. Тибқи тарҳи нави ин қонуни конститутсионӣ шахсоне, ки дар таъқиби ҷиноятианд, ё ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, аз гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳруманд. Инчунин яке аз омилҳои гирифтани  шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон донистани  забони давлатӣ дар сатҳи муошират мебошад.  Лоиҳаи нави қонуни конститутсионӣ раванди гирифтани шаҳрвандиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содда намуда, қонуни амалкунандаро ба талаботи замон ва ҷомеаи Тоҷикистон мутобиқ мегардонад. Ҳадафи асосии қабули қонуни конститутсионӣ дар таҳрири нав ба ҳифзи манфиатҳои  миллати тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин халқҳое, ки муқими Тоҷикистонанд, нигаронида шудааст. Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ аз 7 боб ва 44 модда иборат буда,  ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Июнь 26, 2015 22:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!