Бохти тими мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи Русия-2
Душанбе, 27.06.2015 (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Дирӯз дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум дар мусобиқаи 8-уми байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон байни футболбозони 17-сола дар Остона аз дастаи Русия-2 бо ҳисоби 0-1 мағлуб гашт. Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 8 даста мақоми шашумро касб кард. Дастаи Русия-2 дар ҷойи панҷум қарор гирифт.
Хотиррасон менамоем, ки дар бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум дастаи мунтахаби Беларус бар дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 3-1 ғолиб омад.
Дирӯз инчунин дастаи мунтахаби Гурҷистон, ки барои ҷойи 3-юм дастаи Қазоқистонро бо ҳисоби бузурги 8-1 шикаст дод,бо медалҳои биринҷӣ ва 4 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотонида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






