Дар задухӯрд миёни ДИИШ ва «Толибон» дар Нангарҳор 12 низомӣ фавтид
Душанбе, 29.06.2015. (АМИТ «Ховар»).-Рўзи шанбе дар қисмати шарқии минтақаи Нангарҳори Афғонистон дар натиҷаи задухўрд миёни низомиёни ҳаракати «Толибон» ва гурӯҳи «Давлати исломӣ» 12 ошўбгар кушта шуд.
ДИИШ дар ин амалиёт 5 нафарро бо шумули қумандон Қорӣ Мирвайс аз даст дод, ки ӯ бо номи Нусрат низ машҳур буд. Дар ҷараёни задухӯрд 5 нафар низомии ДИИШ захмӣ шуд. Аз «Толибон» 7 нафар кушта ва 8 кас захмӣ шуд, хабар медиҳад Оҷонсии иттилоотии «Пажвок» бо такя ба хабари Вазорати мудофиаи ҶИА.
Ёдрас мекунем, ки тақрибан 2 ҳафта пеш толибон ба номи раҳбари «Давлати исломӣ» Абубакр ал-Бағдодӣ муроҷиатнома интишор карданд, ки дар он аз ў талаб мешавад, то ба корҳои онҳо дар Афғонистон дахолат накунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






