Даъват ба вахдату худшиносӣ мароми мост
Ваҳдат, 27.06.2015. (АМИТ»Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Дар шаҳри Роғун 4 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандани масъул, фаъолону зиёиён ва имомхатибони масҷидҳо ташкил шудааст, ки аъзои он бо сокинони деҳаву маҳаллаҳои 11 ҷамоати шаҳраку деҳот ва 10 минтақаи маркази шаҳр мунтазам вохӯрда, корҳои фаҳмондадиҳиро зери шиори «Вахдати миллӣ мароми мост» роҳандозӣ менамоянд. Мақсади асосии таъсиси ин гурӯҳҳо аз пурқувват кардани корҳои ташвиқотӣ дар миёни аҳолӣ оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, инчунин баланд бардоштани фарҳанги миллӣ, тақвияти ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи дунявияти ҷомеа, гирифтани пеши роҳи гаравиши ҷавонон ба равияҳои тундгарову ифротӣ иборат аст.
Дар ин бора муовини раиси шаҳри Ваҳдат Фарзона Хоҷаева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ҳамчунин аъзои гурӯҳ дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр бо занони ҷамоатҳо мулоқот ва суҳбатҳои фардӣ гузаронида, оид ба ҳалли мушкилоти зиндагӣ ва муносибатҳои оилавӣ маслиҳатҳои судманд медиҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






