Ду шаҳрванди Федератсияи Русия дар садама ба ҳалокат расид
Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Мусофирони мошини тамғаи “Опел-Астра”- ду шаҳрванди 27 ва 26-солаи Федератсияи Русия 29 июн дар натиҷаи садама ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи мошини мазкур, сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қурғонтеппа ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Данғара, ҷамоати деҳоти И.Шариф аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинаш ба таги пули обгузар ба чуқурии 8 метр чаппа шудааст. Ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, марди 46-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи “ВАЗ-2106”, таҳти идораи ронанда, марди 35-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-2106” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири мошини мазкур, ноболиғ, писарчаи 9-сола, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






