Э. Раҳмон: “Агар хоҳанд, ки кишвареро аз байн баранд, аввал забону фарҳанги онро нобуд месозанд”
Душанбе, 26.06.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — “Вақтҳои охир паҳншавии фарҳанги бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар мушоҳида гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар сохторҳои маҳаллӣ ва фаъолони шаҳру ноҳияҳо нисбат ба ин масъала фориғболӣ зоҳир менамоянд”, — изҳори нигаронӣ намуд Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон 26 июн зимни мулоқот бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба муносибати 18-солагии таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ.
“Ман дар вохўрӣ бо занони мамлакат дар Рўзи модарон таъкид карда будам, ки “агар хоҳанд, ки кишвареро аз байн баранд, аввал забону фарҳанги онро нобуд месозанд”. Ин масъала бисёр ҷиддист ва фориғболӣ кардану нодида гирифтани он ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад”, — афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Президент бо назардошти ин, бори дигар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки якҷо бо сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ барои тарғиби фарҳанги миллӣ тамоми тадбирҳоро андешида, ҷиҳати гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, паҳншавии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, зиёдаравӣ ва решакан кардани хурофот ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонанд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






