Экспедитсияи муҳаққиқони ҷавон ба Мурғоб
Душанбе, 27.06.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-25 июн як гурӯҳ олимону муҳаққиқони ҷавон аз институтҳои гуногуни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИ ҶТ) ба Маркази байналмилалии илмӣ-таҳқиқотии «Помир -Чақалтой», ки аз соли 2009 инҷониб дар мавзеи Оқ-Архари ноҳияи Мурғоби ВМКБ фаъолият менамояд, рафтанд. Мақсади сафар гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзеи мазкур мебошад.
Тавре ки аз АИ ҶТ иттилоъ доданд, муҳаққиқони ҷавон баъд аз анҷоми экспедитсияи илмӣ ба Раёсати АИ ҶТ аз рӯи натиҷаҳои ба дастомада ҳисобот пешниҳод менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






