«Истиқлол»-пешсафи Лигаи олии мамлакат
Душанбе, 29.06. 2015. (АМИТ “Ховар”, Аловиддин Буриев).- Марҳилаи аввали мусобиқоти Лигаи миллии футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид. Дирӯз чемпиони мамлакат «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ «Вахш-»и Қурғонтеппаро бо натиҷаи 5 бар 0 мағлуб кард. «Хайр»-и Ваҳдат низ дар сафар бо «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрда, бо ҳисоби 2 бар 1 ғалаба кард. Дар ин давр пирӯзии тими «Равшан»-и Кӯлобро бар «Далерон-Ӯротеппа» зикр кардан ба маврид аст. «Равшан» тавонист дар даври охирин аввалин ғалабаи ниҳоят бузурги худро бо нишондоди 5 бар 0 ба даст орад. Бозии байни дастаҳои КМВА «Помир» ва «Регар ТадАЗ» мусовӣ- 0 бар 0 ҷамъбаст шуд. «Хуҷанд» дар ин давр бар «Барқи тоҷик» бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба карда, мавқеашро дар зинаи дуввум устувор кард. Нишонзани беҳтарини мусобика Манучеҳр Ҷалилов мебошад, ки ба дарвозаи ҳарифон 7 тӯб задааст. Ҷадвали ниҳоии марҳилаи аввал чунин шакл гирифтааст:
Б Ғ М Б Т/т Х
1 «Истиқлол» (Душанбе) 9 9 0 0 34-2 27
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 6 2 1 16-6 20
3 «Хайр» (Ваҳдат) 9 5 1 3 14-13 16
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 4 4 1 14-7 16
5 «Равшан» (Кӯлоб) 9 4 2 3 17-17 14
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 9 3 2 4 7-12 11
7 «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) 9 3 2 4 10-12 11
8 «Вахш» (Қурғонтеппа) 9 1 3 5 3-15 6
9 «Барки тоҷик» (Душанбе) 9 1 2 6 5-16 5
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 9 0 0 9 1-21 0








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






