Изҳороти ВКХ барои ВАО роҷеъ ба нашри мақола дар «АиФ»
Душанбе, 29.06.2015 (АМИТ «Ховар»).- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи таҳқиркунандае, ки 26 июни соли 2015 дар сомонаи нашриёти «Аргументы и Факты» бо номи «Страна гастарбайтеров. Специальный репортаж «АиФ» из Таджикистана» ба чоп расид, шинос гардид.
Дар ин робита бо намояндаи Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо намояндагии нашриёти «Аргументы и Факты» дар Тоҷикистон суҳбат анҷом дода шуд, ки дар натиҷа маводи мазкур аз сомонаи нашриёт гирифта шуд.
Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷӣ ба Сафорати Россия дар Тоҷикистон ёддошт супорид, ки дар он нигаронии шадид доир ба мунтазам чоп гардидани чунин мақолаҳо дар ВАО-и Россия, ки ин дар навбати худ ба руҳияи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷавобгӯ намебошад, баён карда шуд. Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Россия даъват ба амал овард, то ҷиҳати роҳ надодан барои нашри чунин маводҳо, ки воқеъиятро нодуруст баён мекунанд, чораҳои лозима андешад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






