Кӯлоб: Довталабони таҳсил дар коллеҷи милитсия зиёданд
Кӯлоб,27.06.2015. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Як сол қабл бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб коллеҷи милитсия таъсис гардид. Дар ин даргоҳи дониш сараввал фарзандони кормандони милитсия, ки баҳри барқарор намудани волоияти қонун қурбон шудаанд, баъдан ҷавонони ятим, бесаробон ва ба инҳо баробар таҳсил мекарданд. Ҳоло дар ин таълимгоҳ зиёда аз 150 нафар ҷавон таъсил мекунад, ки оянда ҳомии ватани худ мешаванд.
Имсол ба ин даргоҳи таълимӣ зиёда аз 400 нафар ҷавонони шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва берун аз он барои дохил шудан ҳуҷҷат супориданд. Тибқи иттилои корманди коллеҷ дирӯз, 26- июн рӯзи аввали қабул баргузор гардид. Тибқи дастур ҷавононе, ки ҳуҷҷат супоридаанд, аз муоинаи тиббии марказонидашудаи кормандони тиббии Вазорати корҳои дохилӣ мегузаранд.
Дар сурати сарбаландона супоридани имтиҳонҳо ҷавонон курсанти коллеҷи милитсия мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






