«Маҳсулоти беҳтарин» дар ярмаркаи минтақавии савдо «Суғд — 2015»
Душанбе , 27.06.2015. (АМИТ »Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд 24-25- уми июли соли 2015 дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд ярмаркаи минтақавии савдо «Суғд — 2015» доир гардид.
Ярмаркаи мазкур бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир, ба маъраз гузоштани меваю сабзавоти тоза, хушкмеваҳо, намудҳои гуногуни маҳсулоти саноатӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд.
Дар доираи ярмаркаи минтақавии савдо Форуми чоруми минтақавии тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ» ва озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин» роҳандозӣ гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






