Мизи мудаввар дар мавзӯи “Меъмори сулҳ дар Тоҷикистон” дар Шӯрои Аврупо
Душанбе, 30.06.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Брюссел 26 июн дар дафтари Шӯрои Аврупо ба ифтихори 18-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Меъмори сулҳ дар Тоҷикистон” бахшида ба нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дастрасӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар барпо гардид.
Дар мизи мудаввар намояндагони Шӯрои Аврупо дар шаҳри Брюссел, сафирон ва намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои кафил, намояндагони Парлумони Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Зимни мизи мудаввар нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дастрасӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар,аҳамияти сиёсӣ, таърихӣ ва илмии омӯзиши таҷрибаи амалии намунаи тоҷикии танзими муноқишаи дохилӣ ва дастёбӣ ба сулҳу субот аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ таъкид гардид.
Баъдан иштирокчиён филми ҳуҷҷатӣ бахшида ба нақши тақдирсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дастрасӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар кишварро тамошо карданд.
Иштирокдорони чорабинӣ дастрасӣ ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, зарурати омӯзишу истифодаи таҷрибаи беназири дастёбӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро барои танзими сулҳомези муноқишаҳои байналмилалӣ таъкид карданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






