Мусобиқаи велосипедронӣ бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар
Душанбе, 27.06.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор- 26 июн кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи велосипедронони Тоҷикистон ва Академияи олимпии ҷумҳурӣ мусобиқаи велосипедрониро ташкил намуданд, ки дар он зиёда аз бист нафар варзишгар иштирок намуд. Мусобиқаи велосипедронӣ аз бинои агентӣ оғоз ёфта, дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии пойтахт давом ёфт.
Дар ҷойҳои таваққуф бо мақсади паст намудани зарари истеъмоли маводи нашъаовар ва тарғиби тарзи ҳаёти солим корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Иштирокдорони мусобиқа ва кормандони агентӣ ба мардум доир ба ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи нашъадор, хатари ҷалби наврасон ба истеъмоли маводи нашъадор нақл намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






