Ройзаниҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия
Душанбе, 27.06.2015 (АМИТ «Ховар»).- 26 июни соли 2015 дар Душанбе ройзаниҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия таҳти раҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Алӣ Кемал Айдин баргузор шуданд.
Маҷмӯи васеи масоили дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба дурнамои густариши муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию фарҳангӣ, маориф ва инчунин тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо ва тақвияти робитаҳои байниидоравӣ дар самтҳои амният ва муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






