Шартҳои ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудан кадомҳоянд?
Душанбе, 24.06.2015.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).- „ Минбаъд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдаконе, ки аз шахсони бидуни шаҳрвандӣ таваллуд мегарданд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мешаванд“,- гуфт Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат. Мавсуф зикр кард, ки раванди ба шаҳрвандӣ қабул шудани кӯдакони шахсоне, ки шаҳрвандӣ надоранд, дар асоси принсипҳои хок -ҷои таваллуд ё истиқомати доимӣ ва принсипи хун, яъне аз кӣ таваллуд шудааст, инчунин тибқи санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, хусусан Паймон дар бораи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ва Паймони ҳуқуқи кӯдак ҷараён мегирад. Ализода таъкид кард, ки агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки шаҳрвандии дигар кишварҳоро дошта бошанд, масалан шаҳрванди Чин ё Афғонистон бошанд, ба кӯдакони онҳо шаҳрвандӣ дода намешавад.
Дар ин росто Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон зикр кард, ки бояд дар масъалаи додани шаҳрвандӣ манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя шаванд, зеро бархе одамон дар иддае аз кишварҳои ҷаҳон, назири Арабистони Саудӣ 60-70 сол инҷониб зиндагӣ менамоянд, вале шаҳрвандии ин кишварро надоранд ва ин кишвар ба онҳо шаҳрвандӣ ҳам намедиҳад. Зариф Ализода афзуд, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи масъалаҳои шаҳрвандӣ, хусусан муносибатҳои ҷамъиятие, ки баъди қабули қонуни амалкунандаи соли 1995 ба вуқӯъ омадаанд, пешбинӣ шудааст. Ин лоиҳаи қонуни констититутсионӣ принсипҳо, асосҳо, шартҳо ва тартиби соҳиб шудан, кабул шудан ва қатъ шудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, аз ҷониби давлат ҳимоя ва пуштибонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар таъмин менамояд.
Дар лоиҳаи қонуни нав шартҳои қабул шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдид гардида, минбаъд донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират ва мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор надоштан талаб карда мешавад. Пешниҳоди иттилооти бардурӯғ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҳангоми гирифтани шаҳрвандӣ асос барои рад кардани дархост гардида, ҷорӣ намудани чунин талабот ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳама гуна сӯйистифодаҳо мусоидат менамояд.
Тибқи моддаи 37-и лоиҳаи қонуни конститутсионӣ муҳлати баррасии дархостҳо ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, қабули қарор дар бораи соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қатъи он 1 сол муқаррар шудааст. Инчунин дархости такрорӣ баъди як сол пас аз қабули қарори қаблӣ баррасӣ шуда метавонад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






