Шоми имрӯз корхонаи «Кока-кола» ба кор медарояд
Душанбе, 26.06.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе корхонаи нӯшокиҳои ғайриспиртии «Кока-кола» бо иқтидори истеҳсоли 100 миллион литр нӯшокӣ дар як сол ба истифода дода мешавад. Интизор меравад, ки шоми имрӯз дар маросими ба кор андохтани корхонаи мазкур Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе иштирок намояд.
Бино ба иттилои Шарофиддин Тағойбеков — мудири шуъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе корхонаи нӯшокиҳои ғайриспиртии «Кока-кола» бо маблағи 299 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 18 ҳазору 500 метри мураббаъ дар кӯчаи Ҷомии пойтахт бунёд шудааст. ҶДММ «Кока-кола-нӯшокиҳои Тоҷикистон» фармоишгар ва ҶДММ «Зафар-Иншоот» пудратчии корхонаи мазкур мебошанд. Баробари ба фаъолият шурӯъ кардани ин корхонаи истеҳсолӣ дар пойтахт 120 нафар бо ҷои корӣ доимӣ таъмин мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






