Шуъбаҳои нави таваллуд дар ноҳияҳои Фархор ва Ҳамаданӣ
Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Шуъбаҳои нави таваллуд дар беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонии вилояти Хатлон дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеролии Олмон бо харҷи қариб 26 миллион сомонӣ маблағҳои грантӣ сохта ва бо таҷҳизоти навтарини ин соҳа аз ширкати олмонии Сименс таъмин шудаанд. Ҳадафи асосӣ тибқи созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Олмон беҳдошти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак мебошад.
Шуъбаҳои таваллудгоҳ аз толорҳои ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ, утоқҳои муҷаҳҳазу замонавии таваллудӣ, озмоишгоҳ, ошхонаву ҳуҷраҳои табобатии оризаҳои таваллудӣ иборат буда, табибони соҳибтаҷриба бо дастрасӣ ба техникаву технологияи муосир имкон пайдо карданд, ки мардуми маҳаллиро бо табобату ташхиси баландсифат таъмин намоянд. Мутахассисони маҳаллӣ барои кор бо таҷҳизоти муосири ин бинои нави беморхона бозомӯзӣ шудаанд. Таваллудхонаи ноҳияи Фархор дорои 50 кати хоб ва таваллудхонаи ноҳияи Ҳамадонӣ дорои 60 кати хоб мебошад.
Зимни ифтитоҳи ин ду бино муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ табибону мардуми маҳаллиро бо ин туҳфаи воқеан арзишманд бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, табибону кормандони таваллудгоҳҳоро ба хизмати шоиставу софдилона даъват намуд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи барномаи муштараки Тоҷикистону Олмон оид ба беҳдошти ҳифзи модару кӯдак чунин таваллудгоҳҳо ва шуъбаҳои ҷарроҳиву эҳёгарӣ қаблан дар ноҳияҳои Ёвон ва Хуросони вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дода шуда, ҳамин гуна корҳо дар 2 беморхонаи дигари вилояти Хатлон дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Бо маблағгузории қариб 200 миллион сомонӣ гранти олмонӣ дар муддати кӯтоҳ бояд таваллудхонаҳои тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти таваллуд, ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ ва дигар хизматрасониҳои тиббӣ таъмин гарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






