Таваррум дар сатҳи муътадил-0,3 фоиз аст
Душанбе, 24.06.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тибқи маълумоти омори расмӣ таваррум дар моҳи майи соли равон муътадилии худро нигоҳ дошта, 0,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз кам мебошад.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар зарфи панҷ моҳи соли равон он ба 2,6 фоиз баробар шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,69 фоиз паст аст.
Нишондиҳандаи мазкур дар зарфи 12 моҳи охир ба 5,5 фоиз баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 фоиз кам мебошад.
Аз охири моҳи майи соли равон меъёри бозтамвил, ки яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, бетағйир дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






