Толибон омили рӯ овардани мардум ба гиёҳхӯрӣ шудаанд
Душанбе, 29.06.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода)-Ба сабаби камбуди ғизо, мардуми 14 шаҳру деҳоти таҳти тасарруфи Толибон дар Бадахшон гиёҳ мехӯранд.
Масъулони маҳаллӣ дар Бадахшон мегӯянд, ки дар ин деҳаҳо бинобар сабаби дастрасӣ наёфтан ба маводи ғизоӣ сокинони 14 деҳа ба гиёҳхӯрӣ рӯ овардаанд. Ба гуфтаи Гулмуҳаммад Бедор — муовини раиси вилояти Бадахшон як гурӯҳи муштараки ниҳодҳои ғайридавлатӣ барои баррасии вазъияти бошандагони минтақаҳои мазкур ба ин вилоят рафтаанд ва баррасии онон нишон медиҳад, ки мардуми ин минтакаҳо ба камбуди ғизоӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Тибқи гуфтаи Бедор, ин манотиқ дар зери нуфузи Толибон мебошанд ва интиқоли кумакҳои инсонӣ аз сӯи давлат ба он ҷо душвор аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






