Туҳфаи АИ ҶТ ба китобхонаи навбунёди Ҳисор
Душанбе, 27.06.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АИ ҶТ ба Китобхонаи марказии навбунёди ноҳияи Ҳисор, ки ба истиқболи 3000-солагии Ҳисори Шодмон бунёд мегардад, беш аз 7000 нусха китоби мухталифро, ки маҳсули эҷоди олимони тоҷик мебошад, тақдим намуд.
Тавре ки аз АИ ҶТ иттилоъ доданд, ин иқдоми наҷиб тибқи дархости Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, онро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ҷонибдорӣ намуд.
Эҳдои китобҳо туҳфаи хубест ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






