Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Покистон 23 ифротгароро дар сарҳади Афғонистон нест карданд
Душанбе, 29.06.2015 (АМИТ «Ховар»). Қиркунандаҳои қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Покистон 28 июн дар ҷараёни зарбаҳои ҳавоӣ 23 ифротгароро дар воҳиди тақсимоти маъмурӣ-марзии Вазиристони Шимолӣ дар сарҳади Афғонистон нест карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии «Дунё» хабар додааст.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Покистон, инчунин паноҳгоҳи террористон вайрон карда шуд, дар дохили онҳо якчанд шаҳрванди хориҷӣ ва анбори лавозимоти ҷангӣ мавҷуд будааст. Яке аз қумандонҳои саҳроии хатарноки «Толибон» дар самти шимолу ғарбии Покистон кушта шудааст.
Дар тӯли соли охир дар Вазиристони Шимолӣ амалиёти ҳарбӣ бо номи рамзии «Зарб-э-Азб» (зарбаи хатарнок) гузаронида мешавад. Тавре ки мақомоти мудофиавӣ иттилоъ медиҳанд, дар ин муддат 2763 террорист нобуд карда шуда, 837 паноҳгоҳ вайрон гардида, 253 тонна моддаи тарканда мусодира шудааст.
Ҳарбиён 347 нафарро талаф додаанд. Дурустии маълумоти мазкурро санҷидан номумкин мебошад, зеро дастрасии рӯзноманигорон ба ин минтақа маҳдуд аст.
Рӯзи сешанбе дар Исломобод вохӯрии Сарвазири Покистон Навоз Шариф бо фармондеҳи артиш Роҳил Шариф доир гардид. Пас аз анчоми он намояндаи расмии Сарвазир Даниел Гелонӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки Покистон шиддати амалиётро бар зидди низомиён паст намекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






