11 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 4 рӯз: ҳангоми оббозӣ боэҳтиёт бошед!

Июль 2, 2015 10:08

Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар 4 рӯзи ҳафтаи равон аз ҷониби кормандони милитсия 11 ҳодисаи ғарқшавии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. 
Тибқи иттилои обуҳавосанҷон гармии ҳаво дар ҷумҳурӣ аз 1-ум то 5-уми июли соли равон аз 7 то 12 градус баланд шуда, ба обшавии пиряхҳо мусоидат менамояд, ки дар ин ҳолат оби дарёву рӯдхонаҳо афзун гардида, ҳангоми оббозӣ хавфу хатарро ба вуҷуд меоранд.
29 июн соати 10:00 писарбачаи 10-сола, хонандаи синфи 4-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми дар ҳавзи деҳа оббозӣ кардан ғарқ шуда, фавтидааст.
Худи ҳамон рӯз  соати 15:30 писарчаи дусола, сокини деҳаи Ничонии ноҳияи Истаравшан аз беназоратии волидайн ба оби ҳавзи хонаи истиқоматиашон афтида, ҳалок гардидааст, соати 14:00-и ҳамон рӯз  ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи И.Сомонии пойтахт ҳангоми дар дарёи Душанбе, дар рӯ ба рӯи “Наврӯзгоҳи пойтахт” оббозӣ кардан ғарқ шудааст ва барои ҷустуҷӯи ҷасади ӯ  чорабиниҳои кофтуковӣ  идома доранд. Соати  13:00 дақиқаи ҳамон рӯз  ҷавони 24-сола, сокини пойтахт,  донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии ба номи С.Раҳимов, ҳангоми оббозӣ дар кӯли «Ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Н. Махсуми шаҳри Душанбе дар об ғарқ шудааст. Барои ҷустуҷӯи ҷасад чорабиниҳо идома доранд.
30 июн тахминан соати 16:40 сокини 44-солаи шаҳри Қурғонтеппа, ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Вахш”, воқеъ дар деҳаи Вахши шаҳри Сарбанд аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, шаҳрванди 54-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми шино кардан бо заврақ аз беэҳтиётии худ ба дохили дарёи “Сир”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров афтида, фавтидааст.
Рӯзи 1 июл духтарчаи  5-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ аз беназорат мондани волидонаш ба ҷӯйбори бошишгоҳи саҳроӣ афтида, ҳалок шудааст.
Бо мақсади пешгирии оқибатҳои нохуш ва марговар аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш мешавад, ки фарзандони худро беназарот нагузоранд ва ҳангоми оббозӣ боэҳтиёт бошанд.

Июль 2, 2015 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд