11 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 4 рӯз: ҳангоми оббозӣ боэҳтиёт бошед!
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар 4 рӯзи ҳафтаи равон аз ҷониби кормандони милитсия 11 ҳодисаи ғарқшавии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои обуҳавосанҷон гармии ҳаво дар ҷумҳурӣ аз 1-ум то 5-уми июли соли равон аз 7 то 12 градус баланд шуда, ба обшавии пиряхҳо мусоидат менамояд, ки дар ин ҳолат оби дарёву рӯдхонаҳо афзун гардида, ҳангоми оббозӣ хавфу хатарро ба вуҷуд меоранд.
29 июн соати 10:00 писарбачаи 10-сола, хонандаи синфи 4-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми дар ҳавзи деҳа оббозӣ кардан ғарқ шуда, фавтидааст.
Худи ҳамон рӯз соати 15:30 писарчаи дусола, сокини деҳаи Ничонии ноҳияи Истаравшан аз беназоратии волидайн ба оби ҳавзи хонаи истиқоматиашон афтида, ҳалок гардидааст, соати 14:00-и ҳамон рӯз ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи И.Сомонии пойтахт ҳангоми дар дарёи Душанбе, дар рӯ ба рӯи “Наврӯзгоҳи пойтахт” оббозӣ кардан ғарқ шудааст ва барои ҷустуҷӯи ҷасади ӯ чорабиниҳои кофтуковӣ идома доранд. Соати 13:00 дақиқаи ҳамон рӯз ҷавони 24-сола, сокини пойтахт, донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии ба номи С.Раҳимов, ҳангоми оббозӣ дар кӯли «Ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Н. Махсуми шаҳри Душанбе дар об ғарқ шудааст. Барои ҷустуҷӯи ҷасад чорабиниҳо идома доранд.
30 июн тахминан соати 16:40 сокини 44-солаи шаҳри Қурғонтеппа, ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Вахш”, воқеъ дар деҳаи Вахши шаҳри Сарбанд аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, шаҳрванди 54-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми шино кардан бо заврақ аз беэҳтиётии худ ба дохили дарёи “Сир”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров афтида, фавтидааст.
Рӯзи 1 июл духтарчаи 5-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ аз беназорат мондани волидонаш ба ҷӯйбори бошишгоҳи саҳроӣ афтида, ҳалок шудааст.
Бо мақсади пешгирии оқибатҳои нохуш ва марговар аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш мешавад, ки фарзандони худро беназарот нагузоранд ва ҳангоми оббозӣ боэҳтиёт бошанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






