1230 арзу шикояти шаҳрвандон ба телефонҳои боварии вазири ВКД

Июль 11, 2015 03:20

Душанбе, 11.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар дар шаш моҳи соли равон ба телефонҳои боварии вазири корҳои дохилӣ 1232 нафар шаҳрванд муроҷиат карда, арзу шикоятҳои худро пешниҳод кардааст.
Бино ба иттилои манбаъ, барои мустаҳкам ва тавсеа бахшидани ҳамкорӣ бо ҷомеа телефони боварии вазири корҳои дохилӣ, сардорони раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои ҷумҳурӣ шабонарӯзӣ фаъолият доранд. Ба фаъолияти ин телефонҳо эътибори махсус дода мешавад. Натиҷаи кори онҳо мунтазам баҳогузорӣ мегардад. 
Дар бораи содиршавии ҷиноятҳо ба телефони боварии вазири корҳои дохилӣ 250 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар шаҳри Душанбе 8 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Суғд 80 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Хатлон 122 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт  11 нафар ва ба телефони боварии сардори РВКД дар ВМКБ 21 нафар муроҷиат намудааст, ки дар ин муддат дар бораи содиршавии ҷиноят 492 нафар муроҷиат намудааст.

Июль 11, 2015 03:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд