13 ҷангии ДИИШ бо ваҳшонияти хоси худи онҳо кушта шуд
Душанбе, 01.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Қатли ваҳшатбори ин террористон аз ҷониби ҷангиёни созмони дигари террористӣ — “Ҷайш-ул-Ислом” дар Сурия анҷом ёфтааст.
Дар ин бора расонаҳои ғарбӣ хабар медиҳанд.
Онҳо 13 нафар ифротгароёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломиро” либоси сиёҳ пӯшонда ва сари зону нишонда, ҳадафи тир қарор додаанд.
Ҷангиёни “Ҷайш-ул-Ислом” дар бар либоси зарди афлесунӣ доранд. Одатан ифротгароёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” асирони худро чунин либосҳо пӯшонда, қатл мекунанд.
Ин дафъа зоҳиран нақшҳо иваз шуда, ифротгароёни ДИИШ худ қурбонии террори даҳшатафканони гурӯҳи дигари тундрав шудаанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки “Ҷайш-ул-Ислом” созмони террористии зидди Ҳукумати Сурия мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






