132 адад афзудани ҳодисаҳои ҷинояткорӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров

Июль 7, 2015 11:32

Б. Ғафуров, 07.07.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Аз оғози соли равон  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  403 ҳодисаи ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132 адад зиёд мебошад. Ин нукта дирӯз, 6 июл зимни баргузории нишасти хабарии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Абдусамад Маннонзода таъкид шуд.      Ҳамзамон бояд гуфт, ки бекоршавии ақди никоҳ низ байни ҷавонон афзудааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 1088 адад ақди никоҳ ва 256 адад бекоркунии никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014   6 адад зиёд аст. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 21 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ва шомилшавии 6 сокини ноҳия ба гурӯҳҳои ифротгаро низ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин замина дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави ноҳия зимни баргузории тӯю маъракаҳо  9 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст. 

 

Июль 7, 2015 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик