132 адад афзудани ҳодисаҳои ҷинояткорӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров
Б. Ғафуров, 07.07.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Аз оғози соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 403 ҳодисаи ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132 адад зиёд мебошад. Ин нукта дирӯз, 6 июл зимни баргузории нишасти хабарии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Абдусамад Маннонзода таъкид шуд. Ҳамзамон бояд гуфт, ки бекоршавии ақди никоҳ низ байни ҷавонон афзудааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 1088 адад ақди никоҳ ва 256 адад бекоркунии никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 6 адад зиёд аст. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 21 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ва шомилшавии 6 сокини ноҳия ба гурӯҳҳои ифротгаро низ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин замина дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави ноҳия зимни баргузории тӯю маъракаҳо 9 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






