214 ноболиғ, 412 зан ва 27 шаҳрванди хориҷӣ маҳкум гардид
Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Аз шумораи умумии маҳкумшудагон 214 нафар ноболиғ, 412 нафар зан, 27 нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошад,- гуфт раиси Шӯрои адлия Муродзода Дӯстмурод Ҳайит имрӯз, 6 июл зимни нишасти матбуотӣ.
Дар шаш моҳи аввали соли равон ба судҳо 4 956 адад парвандаи ҷиноятӣ ворид шуда, аз он 4 241 адад баррасӣ гардид. Аз ҳисоби парвандаҳои баррасишуда 3 548 парванда нисбат ба 4 516 шахс бо баровардани ҳукм баррасӣ гардида, пешбурди 494 парванда нисбат ба 578 шахс қатъ, аз рӯи 6 адад чораи хусусияти тиббидошта 25 парванда нисбат ба 39 шахс ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шуд.
Дар ин давра нисбат ба 4 судшаванда ҳукми сафедкунанда бароварда шуд, ки аз он 2 шахс пурра ва 2 нафар қисман сафед гардид.
«Ҳамин тариқ, таҷрибаи таъйини ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ 42 фоизро ташкил медиҳад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз зиёд мебошад»,- хабар дод раиси Шӯрои адлия.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






