315 ҳазору 600 сомонӣ-ҷарима барои фиреб додани истеъмолкунандагон
Душанбе, 11.07.2015. (АМИТ Ховар, Раъно Нусратуллозода).- Аз тарафи нозирон дар қаламрави ҷумҳурӣ дар 3 ҳазору 308 субъекти хоҷагидор санҷиш ва назорати қоидаҳои савдо (хизматрасонӣ) гузаронида шуд. Дар ин давра барои вайрон кардани қоидаҳои савдо, фиреб додани истеъмолкунандагон ва риоя накардани талаботи қонунгузории соҳа аз тарафи нозирон дар қаламрави ҷумҳурӣ дар 156 ҳолат ба маблағи умумии 315 ҳазору 600 сомонӣ қарорҳо оид ба бастани ҷаримаи маъмурӣ бароварда шуданд.
Дар ин бора аз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи нақшаи чорабинӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани маърифатнокии истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуда, ҳамзамон дар байни хонандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ, омӯзишгоҳҳо ва мактабҳои олӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳо якҷоя бо намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо гузаронида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






